Дар минтақаи кӯҳистони Осиёи Марказӣ барномаи 5-солаи ҳифзи минтақаҳои асосии гуногунии биологӣ оғоз ёфт. Ин барнома барои ҳифзи беш аз 30 намуд ҳайвонот ва гиёҳҳои нодир кӯмак мекунад. Дар байни онҳо: паланги барфӣ, гавазни Бухорои, уриал, Белбиниҳои Амударё ва дигарон мебошанд.
Дар робита бо оғози барнома 11 декабри соли 2019 дар Алматй бо иштироки ВАО наҳорӣ баргузор гардид. Рӯзноманигорон ҳамаи саволҳои худро пурсиданд. Ва ба онҳо посух дода шуд аз тарафи:
- Григорий Мазмянянц, Директори Барномаи WWF дар Осиёи Марказӣ.
- Ҷамила Асанова, директори иҷроияи Ассотсиатсияи Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандӣ (ARGO).
- Даниэл Ротберг, Директори грантҳои Фонди Ҳамкорй Барои Ҳифзи Экосистемаҳо (CEPF).
- Ҷек Тордофф, Директори идоракунандаи Фонди Ҳамкорй Барои Ҳифзи Экосистемаҳо (CEPF).
- Олга Переладова, Мушовири илмӣ Барномаи WWF барои Осиёи Марказй.
- Елизавета Протас, мудири тарҳи WWF.
Дар доираи ин барнома, ҳамчунин даҳҳо мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва ландшафтҳои нодир ҳифз карда мешаванд. Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон зиёда аз 1500 минтақаҳои муҳими гуногунии биологӣ мавҷуданд, ки 145-тои онҳо дар минтақаи кӯҳистони Осиёи Марказӣ мутамарказ шудаанд.
Буҷаи умумии Барнома 8 миллион доллари ИМА мебошад. Ин барнома аз ҷониби Фонди Ҳамкорй Барои Ҳифзи Экосистемаҳо, ки ибтикори муштараки Агентии Рушди Фаронса, Созмони Байналмилалии Ҳифзи Табиат – Conservation International, Иттиҳоди Аврупо, Фонди Глобалии Экологӣ, Ҳукумати Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ мебошад, маблағгузорӣ мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии ин фонд таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи гуногунии биологӣ мебошад.
WWF ҳамчун ҳамоҳангсози ин барнома дар Осиёи Марказӣ амал хоҳад кард. Ассотсиатсияи Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандӣ (АРГО) ҳамчун шарики WWF дар идоракунии барномаи грантҳои хурд иштирок намуда, барои мустаҳкам кардани қобилияти ташкилотҳои ғайритиҷоратии ки дар барнома иштирок мекунанд, кӯмак хоҳад кард. Директори иҷроияи АРГО Ҷамила Асанова гуфт, ки гурӯҳи минтақавӣ дар Алматй ҷамъ омада, то дар бораи иҷрои барнома муфассал баҳс кунанд.
Ҷамила Қосимовна гуфт: “Барнома веб-портал хоҳад дошт. Дар он мо тамоми маълумоти муфид ва дастрасро нашр хоҳем кард, курсҳои онлайни “WEB-Академияи ТҒТ” барои омӯзиши ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дастрас хоҳанд буд. Мо бо рӯҳияи мусбат ҳастем. Умедворем, ки мо ба ташкилотҳои экологӣ кӯмак берасонем ва дар нигоҳдории гуногунии биологӣ муфид амал кунем.”
Худи барнома тақсим намудани грантҳоро ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд, дар бар мегирад. Мутаассифона, созмонҳои, ки дар Хитой кор мекунанд, натавонистанд ба Барнома ҳамроҳ шаванд.
Дар оғози барнома Даниэл Ротберг шарҳ дод: “Кори CEPF бениҳоят муҳим аст. Дар минтақаҳои асосии гуногунии биологӣ миллионҳо одамоне зиндагӣ мекунанд, ки беҳбудии онҳо ба вазъи муҳити зист вобаста аст.
– Гарчанде ки қисми зиёди маблағгузории ҷаҳонии экологӣ ба ҳукуматҳо тааллуқ дорад, таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои дорои иқтисоди гузаранда, ки дар минтақаҳои асосии гуногунии биологӣ ҷойгиранд, натиҷаҳои устувор ва дарозмуддатро дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ медиҳад. Гурӯҳҳои ғайриҳукуматӣ барои ҳалли мушкилот дар маҳал бархӯрди ғайристандартиро истифода мебаранд. Ин амал онҳоро шарики боэътимоди давлат мегардонад, зеро ҳам онҳо ва ҳам ҷонибҳои дигари манфиатдор дар нигоҳ доштани манбаъҳои ҳаётан муҳим ба нафъи ҷомеаи маҳаллӣ ва ҳамзамон ба нафъи ноил шудан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ мебошад”.
Додани грантҳо ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ду намуд ба нақша гирифта шудааст.
- Хурд – то 20 ҳазор доллари ИМА.
- Калон – то 150 ҳазор доллари ИМА.
Таҷрибаи Фонди Ҳамкорй Барои Ҳифзи Экосистемаҳо нишон медиҳад, ки чунин барномаҳои грантй имкон медиҳанд, ки ҳифзи минтақаҳои асосии гуногунии биологӣ таъмин карда шаванд, ва ҳамчунин дар рушди дарозмуддати ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири назаррас расонанд.
Маълумоти Иловагӣ.
Фонди умумиҷаҳонии табиат (WWF) яке аз бузургтарин ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи табиат буда, ки тақрибан 5 миллион пуштибони доимй дорад ва дар беш аз 100 кишвар дар 6 қитъа фаъолият мекунад. Котиботи байналмилалии WWF дар Швейтсария ҷойгир аст.
Котиботи CEPF дар Созмони Байналмилалии Ҳифзи Табиат (Conservation International) дар Вашингтон, ИМА ҷойгир аст. Аз замони таъсисёбӣ, CEPF 243 миллион долларро ба 2,363 грантгир дар 92 кишвар ва қаламрав додааст. Дар натиҷа, ин барнома тавонист идоракунии 46,5 миллион гектар минтақаҳои асосии гуногунии биологиро беҳтар кунад.